ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ УНИВЕРСИТЕТИ ДАВЛАТИИ МОРДОВА БО ҲАЙАТИ УСТОДОН ВА ПРОФЕССОРОНИ ИХТИСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ДМТ

77

Имрӯз дар заминаи факултетҳои иқтисодии ДМТ вохӯрии намояндагони Донишгоҳи давлатии Мордовия бо ҳайати устодон ва профессорони ихтисосҳои иқтисодии ДМТ баргузор гардид.

Ҳайати вакилони Университети давлатии тадкиқотии миллии Мордва ба номи В. Огарева: Салимова Татьяна Анатольевна — директори донишкадаи иқтисодиёт, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; Бусалова Светлана Геннадьевна — ҷонишини директори донишкадаи иктисодиёт оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент; Аверина Ольга Ильинична — мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити донишкадаи иқтисод, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; Исоқов Анварҷон Абдуманнонович — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷменти донишкадаи иқтисод.