Дар бораи факултет

Факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белоруссия соли 2015 дар асоси шартномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Белоруссия таъсис ёфтааст.

Дар соли аввали таъсисёбӣ номи факултет, факултети муштараки технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии Белоруссия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номида шуда буд, ки ҳамагӣ се ихтисос: 1-31030700- информатикаи тадбиқӣ, 1-31080200 – математика ва технологияҳои иттилоотӣ ва 1-98010101 – амнияти компютерӣ дар ҳайати факултети механикаю математика кушода шуда буданд. Баъд, соли 2016 дар ҳайати факултети физикаи ДМТ ихтисосҳои: 1-10001010 – амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва
1-43010600 – технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ кушода шуд, ки ин ихтисосҳо дар факултетҳои Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи академик А.Д. Сахарови Донишгоҳи давлатии Беларус ҳамроҳ мебошанд. Соли 2017 дар ҳайати факултети тиббӣ ихтисоси 1-80020100-кори тиббӣ-биологӣ ва дар ҳайати факултети биология ихтисоси 1-57010100-ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ кушода шуд, ки ҳар ду ин ихтисосҳо ба ҳайати Институти давлатии байналмилалии экологии ба номи академик А.Д. Сахаров мебошад. Инчунин соли 2017 дар факултети химияи ДМТ ихтисосҳои 1-48010200-технологияи хмиявии моддаҳои органикӣ, маҳсулот ва металлҳо ва ихтисоси 1-48010100-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, маҳсулот ва металлҳо кушода шуд. Ин ихтисосҳо ба ҳайати Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамроҳ мебошанд.

Моҳи августи соли 2018 дар асоси қарори Шурои олимони донишгоҳ факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белоруссия таъсис дода шуд, ки  дар бинои 17-ум, ошёнаи 5-ум ҷойгир шудааст.

Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар ҳамон сол ду ихтисоси нав кушода шуд, ки ин ҳам бошад, ихтисоси 1-03040300 – психологияи амалӣ, 1-89010100 – сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва соли 2019 боз як ихтисос-ихтисоси 1-26020500 – логистика кушода шуд, ки ин ҳар се ихтисосҳо ба Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус ҳамроҳ мебошанд.

Фанҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии донишогоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Белоруссия ба роҳ монда шудаанд. Дарсҳо бо забони русӣ гузаронида мешаванд. Зинаи таҳсил бакалавр мебошад ва донишҷӯён дар асоси шартнома таҳсил менамоянд. Аз рӯи шартнома донишҷӯён ду соли аввал, яъне курсҳои 1-ум ва 2-юмро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва курсҳои 3-юм ва 4-умро дар муассисаҳои таҳсилоти олии Белоруссия идома медиҳанд. Донишҷӯёни ихтисоси 80020100-кори тиббӣ биологӣ аз рӯи нақшаи таълимӣ 5-сол таҳсил мекунанд, яъне курсҳои 1-ум ва 2-юмро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва курсҳои 3-юм, 4-ум ва 5-умро дар муассисаҳои таҳсилоти олии Белорусия идома медиҳанд. Баъди хатм, хатмкунандагони ҳамаи ихтисосҳо аз Донишгоҳҳои хатмкардаашон, яъне дипломи Донишгоҳи Ҷумҳурии Белорусияро мегиранд. Инчунин хатмкунандагон ҳуқуқ доранд дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Белоруссия дар озмунҳои дохилшавӣ ба гурӯҳҳои буҷавии магистратура иштирок намоянд.

Шартнома ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус маблағи таҳсил, хобгоҳ ва бақайдгириро пардохт намоянд. Инчунин дар раванди таҳсил, барои бештар аз худ кардани дониш, ба донишҷӯёни мо дарсҳои иловагии ройгон ташкил карда мешавад.

Донишгоҳи давлатии Белорус

  1. Ихтисоси 1-31030802 –Математика ва технологияҳои иттилоотӣ

 (аз рӯи самт)
Соҳаи ихтисос: 1-31030802–Математик. Мутахасиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ
Самти ихтисос: Таъминоти математикӣ ва барномавии таҷҳизотҳои мобилӣ

  • Ихтисоси 1-310307 – Информтикаи тадбиқӣ (аз рӯи самт)


Соҳаи ихтисос: 1-310307– Системаи тақсимоти коркарди додаҳо
Самти ихтисос: Информатикаи тадбиқӣ (Таъминоти барномавии системаҳои компютерӣ)

  • Ихтисоси 1-98010101– Амнияти компютерӣ (аз рӯи самт)

Соҳаи ихтисос: 1-98010101 – Усулҳои математикии ҳимояи иттилоот. Ҳимояи системаҳои иттилоотӣ
Самти ихтисос: Амнияти иттилоотӣ (усулҳи математикӣ ва системаҳои барномавӣ)

Институти байналмиллалии давлатии экологии ба номи академик А.Д. Сахарови Донишгоҳи давлатии Беларус

  1. Ихтисоси 1-430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менедҷменти энергетикӣ

Соҳаи ихтисос: 1-430106 – Муҳандис барқчӣ-менеджмент
Самти ихтисос: Технологияи энергияи самарабахш ва менедҷменти энергетикӣ

  • Ихтисоси 1-800201 – Кори тиббӣ-биологӣ (аз рӯи самт)

Соҳаи ихтисос: 1-800201 – ба самти таълимии L “Тандурустӣ” шомил буда, мутахассисонро аз рӯи соҳаи– Биолог-аналитик. Ситология, Биохимия, Иммунология, Гематология тайёр менамояд.
Самти ихтисос: Биолог. Микроболог. Омӯзгор.

  • Ихтисоси 1-1000101– Бехатарии радиатсионӣ ва ҳаста

Соҳаи ихтисос: 1–1000101-Муҳандис
Самти ихтисос: Бехатарии экологӣ

  • Ихтисоси 1-570101–Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ

Соҳаи ихтисос: 1-570101–Муҳандис-химик-эколог
Самти ихтисос: Ҳифзи муҳити зист

Донишгоҳи давлатии технологии Белорус

  1. Ихтисоси 1-480101 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриораникӣ, мавод ва маҳсулот

Соҳаи ихтисос: 1-480101-Муҳандис-химик-технолог.
Самти ихтисос: – Химияи саноатӣ

  • Ихтисоси 1-480201 – Технологияи химиявии моддаҳои ораникӣ, мавод ва маҳсулот

Соҳаи ихтисос: 1-480201– Техник ва технолог.
Самти ихтисос: –Химияи саноатӣ

Донишгоҳи давлатии Полотски Белорус

  1. Ихтисоси 1-890101 – Сайёҳат ва меҳмондорӣ

Соҳаи ихтисос: 1-890101 – Агенти сайёҳӣ. Роҳнамо
Самти ихтисос: –Сайёҳат. Меҳмондорӣ

  • Ихтисоси: 1-030403 – Равоншиноси амалӣ

Соҳаи ихтисос: 1-030403 –Омӯзгор-равоншинос
Самти ихтисос:
• таълимӣ-тарбиядиҳанда;
• таълимӣ-методӣ;
• равоншиносӣ;
• илмию-тадқиқотӣ;
• роҳбарӣ-идоракунӣ;
• фарҳангӣ-фаҳмондадиҳӣ;
• коммуникативӣ.