ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

163

Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо ин мақсад имрӯз (13.02.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир гардид, ки дар он роҳбарият ва намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, зумрае аз ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва ҳайатиомӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо намоиши дастовардҳо ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ибтидо ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С.дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.

Зимнан роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндаи дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода С.З., раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва фарҳанг Содиқӣ Н.Н., муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Л.А., раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З.А. ва директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И. суханронӣ намуданд.

Баъд аз суханронии муқаддимавии меҳмонони гиромӣ муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода М.М. дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, профессор Ғаюрзода Ш.К. оид ба мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ” ва дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Рустам Ваҳҳобзода оид ба мавзӯи “Ситоиши Ватан дар адабиёти тоҷик” суханронӣ намуданд.Ҳамзамон, дар зимн ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ – Шукрона Тоҳирӣ порчаҳои шеъри дар васфи Ватан қироат дошт.

Дар интиҳо таъкид гардид, ки дарки ин мавзӯ вазифаи асосии ҳамаи муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро амалӣ гардонидани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.