ТАРБИЯИ ХУДШИНОСӢ

149

Тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назаррас мебошад. Ҷиҳати татбиқи ин нукта назар боздид кардан аз осорхонаҳои таърихӣ, аз ҷумла Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад кормандони бахши тарбияи донишгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ, раисони Шурои кураторон, раисони Шурои занон ва духтарон ва раисони Созмони ҷавонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуд. Таъкид шуд, ки, дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявии худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат миёни муҳаққиқони ҷавону донишҷӯёни донишгоҳ корҳои заруриро ба роҳ бояд монд.