ТАДБИРҲОИ НАВ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

85

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ вохӯрӣ намуда, ҷиҳати омодагиҳои садорати факултетҳои донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсил ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон, дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ, аз қабили омодагиҳо ба соли нави таҳсил, назорати таълим ва таъминоти методии ҷараёни таълим дар донишгоҳ, баргузории як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсию тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, ректори донишгоҳ ҷиҳати аз наздик шинос шудан баҳри омодагиҳои садорати факултетҳои донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсил ба зумрае аз факултетҳои донишгоҳ рафта, аз шароиту имкониятҳои синфхонаҳо ва китобхонаю синфхонаҳои компютерӣ боздид ба амал оварданд.

Зимнан дар робита ба масъалаҳои гуногуни самти таълим ва беҳтар гардонидани фаъолияти он дар факултетҳо, аз ҷумла бо устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ вохурӣ намуданд.