СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ

144

Имрӯз (14.06.2023) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси дуюми семинари омӯзишии “Зан-сарвар” бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Ҳилолбӣ Қурбонзода баргузор гардид. Курси мазкур бо ташаббуси Раёсати ДМТ дар доираи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030” гузаронида мешавад.

Дар семинари омӯзишии мазкур Қурбонзода Ҳ. вобаста ба мавзӯи “Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки то имрӯз 60 санади меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул шудааст. Аз ҷумла, “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Нақши занон дар ҷомеа”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра. Инчунин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба хотири таҳсили занону духтарони ноҳияҳои дурдаст як қатор имтиёзҳо роҳандозӣ гардидааст, ба мисоли таъсиси квотаҳои президентӣ, стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон…

Дар фарҷом як қатор бонувони фаъоли донишгоҳ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома қардр гардонида шуданд.