ОҒОЗИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ БЕЛАРУСУ ТОҶИКИСТОН

115

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбаладии сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко имрӯз саҳифаи нави ҳамкориҳо дар таърихи муносибатҳои дӯстона сабт мегардад.

Ин ҳам бошад, дар санаи таърихиву хотирмон – Рӯзи забони давлатӣ дар доираи ҳамкориҳо Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ба роҳ монда шуд. Имрӯз (05.10.2023) дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус қисмати ифтитоҳии форум сурат гирифт, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва иштироки сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар кори Форум 75 ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок доранд.

Форуми мазкур давоми ду рӯз идома намуда, баргузории он дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. низ иштирок ва суханронӣ менамояд.

Қобили қайд аст, ки Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус моҳи октябри соли 2022 дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида буд.