МУТТАҲИДИИ МУҲАССИЛИНИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

144

Имрӯз (25.05.2023) бо ибтикори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаи Саридораи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ва донишҷўёни нуқтаҳои таълимии Донишкада баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни хонандагон, баланд бардоштани маҳорати варзишии толибилмон, таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон баргузор гардид.

Мусобиқаи варзишӣ миёни Саридораи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ва донишљўёни нуқтаҳои таълимии Донишкада, ҳамзамон, дастаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ, дастаи Донишгоҳи байналмилаии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дастаи Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дастаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, дастаи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломаносов дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа равнақ додани муттаҳидию дӣстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни толибилмон буд.