КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ДАР РОБИТА БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

290

Имрӯз (19.01.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Обидов Фозил – раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Маҳмадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Иззатуло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниёзӣ Сироҷиддин – сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок доштанд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. конференсияро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.

Дар идомаи ҷамъомад ректори муҳтарам роҷеъ ба ҷанбаҳои ҳуқуқии Паём ва зарурияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсия бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Зикр шуд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунҳоро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонунҳоро вазифаи асосии шаҳрвандӣ шуморад.

Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни сухани табрикотии хеш аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ, декани факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Исайнов Ҳисайн дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди сабз дар партави Паёми Пешвои миллат”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Мирализода Эмомалӣ роҷеъ ба мавзуи “Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҳкимбахши фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ”, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии донишгоҳ Амирхон Шоҳҳусайн оид ба мавзуи “Ҷавонон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” ва доктори илмҳои филология, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии донишгоҳ Мирзоева Моҳира дар мавзуи “Нақши зан дар пешрафти давлатдории миллӣ” суханронӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки ба инобат гирифтану сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироагардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.