ҲИФЗСОЗИ ҲАМА МАРЗУ БУМ…

187

Имрӯзҳо сарҳадчиёни Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон – аввалин муҳофизони хати ҷанг, далерону родмардон, ки Ватанро аз чашми душман муҳофизат мекунанд ва оромиву осоиши миллати тоҷикро таъмин менамоянд, ҷашн доранд. Ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷон нисор намоянд.

Аз 28 майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт. Тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май -Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо омадани 28 майи соли 2023 таъсисёбии Қушунҳои сарҳадиро 29 сол пур мекунад.

Имрӯз ба ин муносибат бо дастгири раёсати донишгоҳ ва ташаббуси самти тарбия вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., Сафаралӣ Сайфуллоев – генерал – лейтенант, собиқ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Нигина Муминзода – полковники Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамзамон, дотсенти Мактаби олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Садриддин Зоиров – подполковник, устоди Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, Темирлан Дудиев – полполковник ва устоди ҳамин донишкада, Файзалӣ Аминов – мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсаваи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки неруҳои марзбон ягона сохторе мебошанд, ки шабу рӯз, яъне 24 соат, бедоранд. Сарҳадбонон кӯшиш мекунанд, ки сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор накунад.

Ба қавли шоир:

Рӯзу шаб дар паси сангарем,

Дидаи сарҳади кишварем.

Ҳифзсози ҳама марзу бум,

Чун сипар оҳани пайкарем.

Дар зимн ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мумаллаҳи кишвар тавсияҳои судманд дода шуд.