ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ «ПАЙВАСТҲОИ КООРДИНАТСИОНӢ»

155

Имрӯз (01.07.2023) бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки замони муосирро бе химия ва дастовардҳои саноати химиявӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Соҳаҳои саноати химиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ карда истодааст. Умуман мо агар ба таърихи рушди саноати химиявӣ дар Тоҷикистон назар афканем, мушоҳида менаомем, ки он дар замони соҳибистиқлолӣ рушд карда, дар замони Истиқлолият зиёда аз 2800 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар онҳо даҳҳо дастпарварони факултети химия фаъолият менамоянд.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза, рушду тарақиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои рушди тафаккури техникии насли наврас дар кишварамон солҳои2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд.

Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» баъди аз навсозӣ ва бо асбобҳои муосири дақиқсанҷ ва ченкунанда кушода шуд, ки аз чунин маводу таҷҳизотҳо иборат мебошанд: маводҳои химиявии аввалия, лигандҳои аз ҷиҳати биологи фаъол, намакҳои металҳои интиқолӣ, лавозимоти лабораторӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, иономерҳои дақиқсанҷ, электродҳои навъи якум ва дуюм, ҳамоми обӣ, микроскопҳои электронӣ, асбоб барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо ва маҳсулотҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, спектрофотометрҳо, рефрактометр, кондуктометр, тафдони нигаҳдорандаи ҳароратҳои баланд ва миёна, дастгоҳ барои мутаъдил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои электронӣ барои муайян намудани вазни моддаҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, омехтакунак, компютерҳо ва ғайраҳо мебошад, ки барои анҷом додани корҳои илмӣ заминаи мусоид мегузорад.

Зимнан гуфта шуд, ки озмоишгоҳи мазкур бо навтарин таҷҳизотҳои илму техникии муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, ки муҳаққиқон метавонанд таҳқиқотҳои илмии худро дар самти синтез, таҳқиқ ва ташхиси пайвастҳои координатсионӣ бо усулҳои гуногуни физикию химиявӣ бе мушкилӣ гузаронанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони РhD ва докторантони анъанавӣ метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки озмиошгоҳи мазкур аз соли 1970 инҷониб фаъолият намуда, дар пояи он 5 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ омода ва дифоъ карда шудааст. Айни ҳол 4 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро омода намуда истодаанд. Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон, яке аз марказҳои муҳими омодакунии кадрҳо дар самти мутахассисони омӯзгорӣ, муҳандисӣ ва технологӣ дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳо ба ҳисоб рафта, дастпарваронаш имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни дохил ва хориҷӣ кишвар фаъолият карда истодаанд.