“ДОНИШ” – КУМИТАИ ФАЪОЛ

188

Дирӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ иштирок дошта, ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар оғози ҷаласа ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ интихоб гардид.

Ҷаласа дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024-ро дар бар мегирифт.

Дар бахши аввал декани факултети журналистика А.Қутбиддинов роҷеъ ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Зимнан таъкид шуд, ки Паём роҳнамои фаъолияти ҷомеа буда, саҳми аъзоёни Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар татбиқи нуктаҳои он назаррас мебошад.

Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» Шарипов Ҷ. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023ва вазифаҳо барои соли 2024 гузориши муфассал ироа намуд. Таъкид шуд, ки сол то сол аъзоёни ҳизб аз ҳисоби устодону донишҷӯёни донишгоҳ зиёд гардида, саҳми онҳо дар тарбияи насли ватандӯсти миллат беҳтару бештар гардидааст.

Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» аз лиҳози сохтору таркиб 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад, ки онҳо дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои донишгоҳ таъсис дода шудаанд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар оянда Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами Ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар рушди устувори ватани азизамон аз пештара бештар саҳми босазои худро мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа устодони донишгоҳ Сафарализода Х.Қ. – декани факултети фалсафа, Гулов С. – мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика ва Давлатзода Ш. – ғолиби шоҳҷоизаи ““Тоҷикон” –оинаи таърихи миллат” суханронӣ намуда, ҳисобот аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Зимнан Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судманд намуд.

Дар интиҳои ҷаласа ба чанде аз аъзоёни фаъоли ҳизб Ифтихорномаю Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ба чанде аз устодону кормандони донишгоҳ Шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Ҷаласа бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш», ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ва садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.