Ҳолнома!

Ќодирзода Фарњод Анвар – 25 ноябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2002 баъди хатми мактаб – литсейи ба номи Абулфазли Балъамӣ ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ» дохил шуда, онро соли 2007 бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ дар асоси пешниҳоди комиссияи аттестатсионӣ ба шуъбаи ғоибони аспирантура дохил шуда, соли 2010 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Баъди хатми Донишгоҳ соли 2007 ҳисобчии хазинавии Депертаменти хазинадорӣ, соли 2009 иқтисодчии дараҷаи 1-уми шуъбаи амалиётҳои амонатии Департаменти сиёсати амонатӣ – қарзии ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Душанбе, соли 2011 сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм, соли 2016 дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, то моҳи феврали соли 2018 дар вазифаи мазкур фаъолият намудааст. Соли 2018 ба тариқи гузариш ба вазифаи дотсенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ»- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сипас ба вазифаи декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Белорус таъин гардида, адои вазифа карда истодааст.

Дар баробари фаъолият солҳои 2011-2014 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва солҳои 2015-2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хамт намудааст.

Ќодирзода Фарњод Анвар беш 50 асарҳову мақолаҳои илмӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро ба чоп расонидааст. Бо дарназардошти он ки ба синну соли љавониашон нигоњ накарда, шумораи зиёди  асару мақолаҳои илмӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро ба чоп расонидаанд, соли 2014 Ќодирзода Фарњод Анвар аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо Нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд мебошанд.