ОҒОЗИ ФОРУМИ III РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

15

Имрӯз (27.11.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар мавзуи “Маориф ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус” дар пояи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд. Дар Форуми мазкур роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар аз роҳбарони муассисаҳои Ҷумҳурии Беларус иштирок доранд.

Дар ифтитоҳи форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, роҳбарияти муассисаҳои бонуфузи ду ҷониб, аз ҷумла ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ намуданд.

Форуми мазкур аз ду бахш иборат буда, дар қисмати аввал суханрониҳо, аз ҷумла суханронии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар мавзуи “Хамкориҳои байналмилалии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҳамчун омили болоравии мавқеи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ” шунида шуданд. Дар бахши дуюм ба имзо расонидани созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2022-2023 Форуми якум ва дуюм дар шаҳрҳои Душанбе ва Минск баргузор гардиданд, ки зимни онҳо 51 созишномаҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду кишавар сурат гирифта, онҳо дар ҳоли тадбиқ қарор доранд. Дар доираи санадҳои ба имзорасида ҳамасола табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифта, ҳамоишҳо, конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари илмӣ гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масаъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус идома дорад.