ШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛИ ШАҲРИИ “САД РАНГИ ЧАКАН

189

Ҳамасола баргузор намудани Фестивали мазкур муҳаббати мардумро нисбат ба либоси миллӣ зиёдтар менамояд.

Донишгоҳи миллӣ барои иштирок фаъл дар Фестивали мазкур бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуд.