ВОХӮРӢ: САМТИ ИЛМ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО МЕХОҲАД…

368

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони раёсатҳои илм ва инноватсия масъалаҳои гуногуни фаъолияти бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Интизоми меҳнат, ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳо, назорати ҷиддии самти илми факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муҳаққиқони ҷавон, ҷоннок намудани фаъолияти ҶИД, маҳфилҳои инфиродию ҳамоишҳои байналмилалӣ, назорати мазмуну муҳтавои мақолаҳои илмӣ, таҷдиди назар намудан ба фаъолияти матбаа, парки технологӣ ва маркази биотехнология аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишудаи нишасти мазкур буд.

Таъкид шуд, ки дар самти иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, баргузории ҳамоишҳои байналмилалии онлайнӣ, фаъолияти сомонаҳои факултетҳо, хуб кор намудани масъулини баъзе воҳидҳои корӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои бахши илми факултетҳо чораҳои амалӣ андешида, дар муҳлати муайян камбудиҳо бартараф карда шаванд.

«Дар самти иҷрои нақшаи кори бахши илм ва инноватсия бо сохторҳои таркибии донишгоҳ хуб ҳамкорӣ намуда, назоратро дар ҳама самт ҷиддӣ ба роҳ монд. Агар ба завқ ва бо масъулияти баланд фаъолият намоем, ҳам дар самти илм ва ҳам дар самти инноватсия аз пештара бештар ба дастовардҳои назаррас шарафёб мешавем»-таъкид шуд дар вохӯрӣ.