-Муаллими гиромӣ, пеш аз ҳама, мехостем моҳияти мақоми пуршарафи донишгоҳро шарҳ диҳед, зеро воқеан ҳам, тавре устод Муҳаммад Ғоиб хеле шоирона васф кардаанд:”Бахти андак нест, дорат номи миллатро ба худ…”
-Воқеан ҳам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои таърихи пурғановат ва сермаҳсулу пурифтихор буда, миёни муассисахои тахсилоти олии ҷумҳурй ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Тавре аз номаш маълум аст, донишгоҳи мазкур ягона муассисаи олии касбиест, ки мақоми миллиро гирифтааст. Шоистаи таъкид аст, ки чунин мақоми воло ба шарофати соҳибистиқлолӣ насиб гардид. Дар аввал Университети давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин (1947-1997), баъдан Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон (1997 – 2008) ва ахиран Донишгоҳи миллии Точикистон (аз соли 2008) унвон гирифт.
Чунин мақомро соҳиб гардидани донишгоҳ рамзи таваҷҷухи хосса ва ғамхории пайвастаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба фаъолияти донишгоҳ мебошад. Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 15.02.1997, №669 ба донишгоҳ мақоми худмухтор ва худидории давлатӣ дода шуд ва Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон номида шуд. Бо мурури замон, дар таҷлили 60-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ (соли 2008) номи он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузошта шуд. Пешвои муаззами миллат ба нақши Донишгоҳи миллӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ва пешбурди илми точик баҳои баланд дода, онро ба ҳайси яке аз нахустин мактабхои олии Точикистон пойгоҳи асосии илму маърифат дар мамлакат донистаанд, ки дар тайёр намудани мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми бузург дорад. Барой мо боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст, ки дар ин боргоҳи маърифати миллат фаъолият дорем.
-Яке аз муҳимтарин дастовардҳои донишгоҳ, ки ба замони роҳбарии шумо рост омад, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани донишгох мебошад. Инро метавон чун беҳтарин дастовард дар арафаи таҷлили ҷашни таърихии 30-юмин солгарди Истиқдоли давлатӣ ва падидаи нодир дар минтака арзёбӣ кард. Дар ин маврид мехоҳем муфассалтар маълумот дихед.
Тибқи дастуру ҳидоятхои Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ бояд гузаранд. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рузи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 1-уми сентябри соли 2019 иброз доштанд: «Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазоӣ ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд».
Дар партави ичрои дастуру супоришхои Пешвои муаззами миллат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин шуда дар микёси ҷумхурии соҳибистикдоламон ва давлатхои Оси-ёи Миёна аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашт, ки барои эътирофи сатҳу сифати таҳсилоти олии ватанӣ дар Аврупо дастоварди беназир аст. Моҳи ноябри соли 2020 Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимию байналмилалии донишгоҳ ба Агентии Аккредитатсияи байналмилалии «ЕККА» маълумоти зарурӣ ирсол намуд. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳисоботи сохторҳои дахлдори донишгоҳ аз ҷониби коршиносони соха аз давлатҳои Англия, Олмон, Чехия, Фаронса ва Эстония мавриди омӯзиш қарор гирифта, зимни суҳбатҳои онлайнӣ аз ҷониби коршиносон фаъолияти ДМТ баррасӣ гардид. Дар ҷараёни суҳбатҳои онлайнӣ коршиносон дар самти таълим, илм, муносибатҳои байналхалқи ва дигар пахлуҳои муҳимми донишгоҳ тавсияҳои судманд дода, натиҷаи фаъолияти донишгоҳро дар аккредитатсияи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ намуданд. Ҳамин тавр, санаи 27.01.2021 Шӯрои экспертони Агентии эстонии “ЕККА” сатҳу сифати таълим, фаъолияти илмӣ, байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидории донишгоҳро ҷавобгӯй ба муқаррароти аврупоӣ донист ва эътироф намуд. Акнун донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалии “ЕККА” гузашт ва сохиби «Шаҳодатнома» ба муҳлати панҷ сол гардид. Айни замон дипломи ДМТ-ро дар 40 давлати Аврупо эътироф мекунанд.
– Имруз Донишгоҳи милли ба ҳайси яке аз марказҳои бузурги тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон шинохта шудааст. Ҳоло ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои илмию эҷодии хориҷи кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Воқеан ҳам, Донишгоҳи милли маркази бузурги таълимию илми ва фарҳангии ҷумҳури ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии милли, ифтихори ватандори ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дар самти иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дастовардҳои донишгоҳ беназир аст. Масалан, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар пояи 5 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русияи донишгоҳ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 20 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд, ки аз онҳо 11 нафар устодону кормандони донишгоҳ мансуб мебошанд. Ҳамзамон, дар 14 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ-и донишгоҳ 3 нафар рисолаи докторӣ, 56 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи доктор РйО дифоъ карданд, ки аз ин шумора 38 нафар ба устодону кормандони донишгоҳ тааллуқ дорад. Ҳамкориҳо бо КОА ФР ва КОА ҶТ дар ҳоли рушд қарор дошта, монеае дар самти фаъолияти онҳо вуҷуд надорад. Имруз раёсати донишгоҳ барои омода намудани кадрхои баландихтисос тамоми шароитҳоро фароҳам сохтааст. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм, таҳсилот ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар хамаи самтҳои фаъолияти муассисаи таҳислоти олии касбӣ аз ҳадафҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб меёбад. Айни ҳол донишгоҳ бо 302 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома карордоди ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи миллӣ аъзои Консорсиуми Донишгоҳи шабакавии ИДМ буда, дар нимсолаи аввали соли 2021 8 нафар магистр барномаи муштаракро хатм намуданд. Ҷихати хуб ба роҳ мондани ҳамкорихои илмию тадқиқотӣ пайваста тадбирхо андешида шуда, мушкилиҳо дар ин самт зуд бартараф мешаванд ва дастовардхо давра ба давра афзун мегарданд.
-Донишгоҳи миллй барои амалй гардида-ни ибтикороти наҷиби Пешвои миллат мухтарам Эмомали Раҳмон — «Бистсолаи омузиш ва рушди фанҳои табиатшиносй, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва озмуни ҷумҳуриявии “Илм —фуруғи маърифат” иҷрои кадом тадбирҳоро ба роҳ мондааст?
– Воқеан, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ талаботи замон аст. Ин иқдом моро водор менамояд, ки бештар таваҷҷухи худро нисбат ба рушди фанҳои дақиқ равона созем. Дар партави ин ташаббус роҳбарияти Донишгоҳи милл ии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муҳимеро тархрезӣ намуда, онро давра ба давра амалӣ карда истодааст. Дар робита ба ин масъала нақшаи чорабиниҳо дар ду самт роҳандозй шуд. Яке «Барномаи мақсадноки рушди илмхои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025» ва дигар «Барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ- педагогӣ барои солҳои 2021-2030» мебошад. Дар доираи ин барномаҳо ҷихати баланд бардоштани пояҳои моддию техникии донишгоҳ аз тамоми факултетҳо таклифу пешниҳодҳо ба раёсати донишгоҳ ирсол гардид ва лоиҳаи мукаммал таҳия гардид, ки он давра ба давра амалӣ мегардад. Инчунин, корро дар самти таҷҳизонидани лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳои факултетҳои табиатшиносӣ, аз чумла факултетӣои физика, химия, биология ва геология ташкил намудем ва айни хол идома дода истодаем. Илова бар ин, дар ин самт як катор ихтисосҳо, аз ҷумла дар за минаӣ ихтисосҳои равняӣ табиатшиносӣ гуруҳи русӣ кушода шуд.
Ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фуруғи маърифат” сохторҳои дахлдори донишгоҳ, хусусан бахши илми донишгоҳ, тадбирҳои мухим андешида, дастаи донишгоҳ дар озмунхои донишгоҳй ва чумхуриявй фаъо- лона иштирок менамоянд. Масалан, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душан бе миёни мухассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, коллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққикони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни ноҳиявии «Илм — фуруғи маърифат» баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз руйи номинатсияҳои математика (арифметика, алге бра, геометрия), физикаю астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияхои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд. Дастаи Донишгоҳи миллӣ аз номинатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 25 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. Бояд гуфт, ки баргузории озмунҳои «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фуруғи маърифат» дар ташаккули ҷахонбинии илмӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба илму китобхонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии кишри гуногуни ҷомеа накши муассир доранд.
-Шумо дар оғози фаъолияти худ икдоми хуберо вобаста ба дастгирии донишчуён (дар давраи пандемия озод намудан аз пардохти маблаги кредит) амалӣ кардед ва боз бо чандин иқдомоти дигар устодону кормандони донишгоҳро низ хавасманд гардонидед. Барои пешрафти боз хам беҳтари фаъолият дар донишгоҳ боз кадом ниятхо доред?
– Бояд гуфт, ки вазифаи муҳими раёсат ва умуман, аҳли Донишгоҳи миллӣ қабл аз ҳама, татбиқи тадриҷии дастуру нишондодҳои Асос- гузори сулху ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқоту вохуриҳо бо аҳли маориф, зиёиёни кишвар дар раванди корҳои таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ, илмию таҳқикотӣ, хоҷагию молиявӣ мебошад. Роҳбарияти ин боргоҳи бузурги маърифат дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кушиш намояд ва тавонад, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар баробари дигар нақшаи чорабиниҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию хочагидорӣ, ки давраҳои муаӣянро дар бар мегиранд, инчунин, “Стратегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”- ро омода намуда, дар асоси он корҳои назаррасеро ба сомон хоҳад расонид.