Тоҷикистон ба сифати кишвари мустақилу ташаббускор дар тамоми олам эътироф мегардад. Ин ҳама дастовардҳои ҷумҳурии мустақили мо натиҷаи заҳматҳо ва талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат мустақилиятро ҳамеша сарвати бебаҳои миллат ва дастоварди беназири ҷумҳуриамон медонанд. Меҳвари асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро низ маҳз ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани онҳо ташкил медиҳад.
Сарвари давлат дар ибтидо бо натиҷагирӣ аз соли сипаришавандаи 2025 изҳор доштанд, ки ин сол «барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид».
Дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд ва қабули якчанд ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ аз зумраи дастовардҳои назарраси соли 2025 мебошанд. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат дар идомаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи мамлакат пардохта, таъкид доштанд, ки: «тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт».
Дар воқеъ, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки бо қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Яке аз масъалаҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ тақвияти самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бешубҳа, вақте аз пешрафтҳои технологӣ сухан меравад, ба ин нукта бояд махсус таваҷҷуҳ кард: пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Ҳамзамон, Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.»
Дар воқеъ, ин тадбирҳо ҳалли фаврии худро мехоҳанд, зеро дар ҷаҳони имрӯз пешрафт насиби кишварҳое мегардад, ки аз технологияи рақамӣ самаранок истифода мебаранд. Ҳамчунин, нуктаи дигари муҳимм он аст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бидуни шак, ин тадбирҳо ба он хотир ногузиранд, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш медиҳанд. Ба ин нуктаи муҳимм ишораи махсуси Сарвари давлат аз он нигоҳ аст, ки дар раванди татбиқи технологияҳои нав ва истифода аз рақамикунонӣ ва ҳукумати электронӣ омили инсонӣ бояд пурра коҳиш ёбад. Дар баъзе аз бахшҳои иқтисоди кишвар ин чиз алаккай самар медиҳад. Масалан, то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд.
Дар идома Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.
Бахши дигари Паёми Пешвои миллат ба дастгирии бахши хусусӣ ва ривоҷи раванди маъмурикунонии бахши андоз ихтисос дода шуд. Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст. Пешвои миллат дастур доданд, ки: «Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад».
То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.
Дар паёми навбатии худ Пешвои миллат бори дигар аз он ёдовар шуданд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун роҳбари давлат маориф ва илмро дар сархати фаъолияти худ қарор додаанд. Воқеан ҳам таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Саврари давлат аст, ки ҳамасола барои соҳаи маориф ва илм маблағҳои зиёде равона мегарданд.
Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид. Дар паёми ахир худ Сарвари давлат ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин, тақозо шуд, ки аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад»- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Давоми сиву чор соли Истиқлоли давлатӣ мо накӯ эҳсос кардем, ки роҳбарияти олии мамлакат сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода мекунанд. Зеро ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Пешвои миллат аз саҳми муассири насли ҷавон дар дигаргунсозиҳои куллии кишвар ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки: «ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».
Яке аз масъалаҳои дигари афзалиятноки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар нақши занону духтаронро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор додан ва барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд андешидан арзёбӣ мешавад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қотеъона изҳор доштанд, ки «мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».
Ин дастгирии роҳбарияти олии мамлакат бешубҳа занону бонувонро барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ сафарбар месозад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаи созандагиву бунёдкорӣ чун ҳадафи асоии мардум ишора гардида, аз саҳми соҳибкорону шахсони алоҳида дар ободу зебо намудани кишварамон қадрдонӣ шуд. Биноан, бо пешниҳоди Президенти маҳбубамон соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шуд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин иқдом дар соли ҷашни муқаддаси миллиамон – 35 солагии истиқлоли давлатӣ мардуми кишварро аҳлонаву сарҷамъона ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон роҳнамоӣ мекунад ва бо заҳмати сидқидилонаи ҳар як фарди боору номуси кишвар ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Воқеан ҳам Паёми Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дастури раҳнамунсози мардуми сарбаланди Тоҷикистон барои ободиву ободифарсозандагиву бунёдкорӣ ва муаррифии шоистаи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Татбиқи он ҳадафҳои олии давлату ҳукумат- зиндагии шоистаи мардумро дар амал ҷорӣ менамояд. Ба ин эътимоди комил дорем.
Сафаргул Одиназода, декани факултети муштараки ДМТ бо МТОК Белорус





