НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БЕЛОРУС

26

Имрӯз, 23-юми апрели соли 2025, ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Радҷабзода Ф. ва декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Беларус Одиназода С. бо сафари расмӣ ба Донишгоҳи давлатии Белорус (ДДБ) ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар мулоқоти ҳайати Донишгоҳ бо муовини аввали ректори ДДБ Дмитрий Курлович, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Владимир Галинский ва сардори Маркази маркетинги байналмилалӣ Татяна Нагорная баргузор гардид.

Ҳадафи мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои илму таълим буд. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷониби ДДБ оид ба сохтор ва анъанаҳои ДДБ, шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, мавқеи Донишгоҳ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва самтҳои фаъолият ва афзалиятҳои рақобатии он сухан намуданд.

Ҷонибҳо масъалаи густариши самтҳои нави фаъолияти муштаракро низ баррасӣ намуданд. Дар зимн имкониятҳои васеъ намудани мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон муфассал зикр гардид.