СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК

269

Имрӯз дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир гашта истодааст, ректори Донгишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи амадемик М.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ректорон дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти олиии мамлакат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар таваҷҷуҳи вижа доранд.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба мавзуҳои худшиносии фардию худшиносии миллӣ, масоили ватанхоҳиву ватандорӣ, сарфакорию донишазхудкунии ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ аз андешаҳои носаҳеҳ, сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, сатҳи забондонӣ, дарк намудани равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ ва ғайра андешаҳои ҷолиб сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва мудом аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар кунанду фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур аз ҷониби иштирокчиён дар самти такмили донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва таҳкими худшиносию ватандӯстии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.