БАХШҲОИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ БЕЛАРУСУ ТОҶИКИСТОН

259

Тавре иттилоъ додем, дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус доир мегардад. Кори форум дар бахшҳо идома доранд, ки дар бахши дуюм – “Технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф” аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт гирдгардонандаи бахш ва ё ба истилоҳ модератор интихоб гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар бахши мазкур муҳимтарин масъалаҳои низоми маориф аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар – Тоҷикистону Беларус мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ёдрас мешавем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Форуми мазкур дар рушди муносибатҳои минбаъда такони тоза мебахшад.