Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи милат”, ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардида буд, устодону донишҷӯёни ДМТ иштирок намуданд.
Дар озмуни мазкур устодону донишҷӯёни ДМТ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи “Дизайн” (дар жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ миёни иштирокчиёни аз 18-40 сола ) миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардида буд.
Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 1-уми факултети журналистикаи ДМТ Бабамуротова Камила иштирок намуда, бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи якум сарфароз гардонида шуд.