Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

224

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли устодону кормандон ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон санади сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.

Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад».

Воқеан, Ваҳдати миллӣ бузургтарин падидае ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он мубориза мебаранд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 26 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллӣ ворид шуд.

Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватанро таъмин намуда, вазифаи ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намояд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо дида мешаванд. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба ватан пайваста афзун шуда, доираи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон фарохтар мегардад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ ба масъалаи таҳким бахшидани ваҳдат ҳамчун арзиши ҷовидонии миллати тоҷик, муттаҳид шудан дар атрофи Ҳукумати Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. «Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад». Ин ишораи Пешвои миллат моро вазифадор мекунад, ки ба сифати таълиму тарбияи мутахассисон бо назардошти таблиғу ташвиқи арзишҳои Ваҳдати миллӣ аз рӯи масъулияти ватандорӣ муносибат дошта бошему сазовори боварии Пешвои миллат гардем.

Боварии комил дорам, ки устодону кормандон, донишҷӯёни азизи донишгоҳ ваҳдату ҳамдилиро ҳамчун сутуни пойдору устувори давлат қадр намуда, бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва пайкори бунёдкоронаи Пешвои миллат кӯшишу ғайрат менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи устодону кормандон, донишҷӯёни азизи донишгоҳ ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фаро расидани 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, фаъолияти пурмаҳсулро ба нафъи ободии диёри азиз орзу мекунам.

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!