БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СТУДИЯИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ

234

Имрӯз (17.06.2023) баъд аз мавриди истифода додани хобгоҳи №7-и донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ ба омӯзгорону кормандон дар фазои тантанавӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ) дар пояи факултети журналистикаи донишгоҳ ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи студияи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм Содиқӣ Насиба Нурулло, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони васоити аъбори омма, инчунин, устодону шогирдон иштирок намуданд.


Зимнан таъкид шуд, ки дар робита ба дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Студияи таълимии телевизиони ДМТ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои омода намудани кадрҳо ва чеҳраҳои нави телевизион саҳми худро хохад гузошт. Студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо техникаву таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосир ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ шаванд.


Ба ин муносибат дар Ганҷинаи ба номи Ш.Ҳусейнзода ҷамомад доир гардид. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш ҳайати устодону кормандонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба вуқуъ омадани ин ду рӯйдоди таърихӣ – ба манзили истиқомати таъмин намудани омӯзгорону кормандон ва ифтитоҳи Телевизиони таълимии ДМТ табрик намуда, иброз дошт, ки “Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии миллати мо аст. Ин ҷашни бузург ба сифати рӯйдоди барҷастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дурударози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба ваҳдати комил ва густариш ёфтани ҳувияти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад.

Дар ин робита, тавассути телевизион арзёбии дурусти ҳодисаҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба авзои сиёсию мафкуравии кишвар, ояндабинии илмии воқеоти сиёсию иҷтимоӣ, мушаххас намудани роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ ва тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва дорои дидгоҳи миллӣ тариқи барномаҳои расонаию иттилоотӣ ҳадафи умдаи на танҳо Ҳукумати мамлакат, балки ҳамаи мо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Замони муосир даврони боз ҳам масъулиятнок маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки бо ҳаёт ва фаъолияти ҳар фарди ҷомеа «консепсияи давлатсозӣ» ҳамоҳанг сохта шавад. Дар ин замина, фаъолияти масъулини телевизион баҳри арзёбии воқеъбинонаи ин раванд беш аз пеш муҳим ва зарур мебошад”.

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.А.Сатториён зимнан таъкид дошт, ки: “…сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар марҳилаи муосир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Бо ин асос студияи мазкур туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад”.

Дар ҷмомад ҳамзамон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид суханронӣ намуда, дар самти пеш бурдани корҳои идеологӣ ва амнияти иттилоотӣ, инчунин, беҳтар гардонидани фаъолияти рӯзноманигорон чанд пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки телевизиони мазкур технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро омӯзонида, дар таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, тавсеаи амнияти иттилоотии равандҳои илмиву таълимӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии ҷумҳуриявӣ, инъикоси ҳаёти донишгоҳ ва ҷавонони донишҷӯ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Таъсиси чунин телевизион ба сифати таҳсилот дар самти журналистикаи телевизионӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро, шаклҳову усулҳои нави таълимӣ яке аз талаботҳои асосии асри иттилоотӣ ба шумор меравад.

Ҳадафҳои меҳварии телевизиони донишгоҳӣ таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии шаҳриву вилоятиву ҷумҳуриявӣ, татбиқи лоиҳаҳои барои донишҷӯён ва омӯзгорон аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳаммиятдошта, инъикоси ҳаёти донишгоҳ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, ҷалби донишҷӯён ба инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ ба шумор меравад.

Аз ин баъд имкон ҳаст, ки донишҷӯён технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро ба таври васеъ дар донишгоҳ омӯзанд ва бо донишҳои амалӣ ба истеҳсолот раванд. Шогирдон дар ин студияи замонавӣ имкон доранд, ки филмҳои таълимӣ, роҳнамоии касбӣ, презентатсияҳо ва роликҳои рекламавӣ таҳия намуда, тариқи васоити элетронии ахбор ҳунари худро муаррифӣ намоянд.

Устодони соҳибмактаби факултет ва донишгоҳ барои бунёди ин маркази бузурги назариявию амалӣ кумак ва машваратҳои назаррас нишон дода, бо ин асос дар студияи таълимӣ як қисми машғулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ гузаронда мешаванд.

Фаъол шудани студияи телевизион имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосири ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ шаванд. Ба фаъолияти пардохтани телевизиони донишгоҳӣ дар таҳияи барномаҳои ҷолиб ва видео-дарсҳои устодон ва донишҷӯёни факултаҳои дигари донишгоҳ имкониятро фароҳам меорад. Таъсиси ин телевизион дар рушди журналистикаи соҳавӣ таъсири амиқ мегузорад.