ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМИИ ҲИНДУСТОН

230

Ҳадаф аз ташрифи намояндагони Институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон ба Донишгоҳи миллӣ тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаи идеяҳо, китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъат додани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва  ғайра арзёбӣ гардид.

      Намояндагони Институтҳои штати Панҷоби Ҳиндустон таҳти роҳбарии мудирияти кулли ин ниҳод К.Н.С. Канг дар мулоқот ҳузур дошта, зимнан қайд намуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва шиносоӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ дар самти муҳокимаи масъалаи бунёди молели муассисаҳои таълимӣ ташриф овардаанд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар зимн аз имкониятҳои илмию таълимии донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Ҷонибҳо дар самти омӯзиши самтҳои мухталифи илму техника ва баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ табодули афкор намуданд.  Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Баъд аз мулоқот меҳмонон аз Маркази омӯзишии Ҳиндустони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ боздид намуда, бо садорати факултет ва устодону донишҷӯёни кафедари филолгияи ҳинди факултети мазкур вохӯрӣ намуданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат низ боздид ба амал оварданд.