ОЛИМИ ДОНИШГОҲ ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ШУД!

223

Бо фармоиши директори Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2023, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович бо ихтирои худ “Тарзи ғанигардонии маъданҳои сурбу руҳдор”, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Зарнисор” татбиқ гаштааст, ки дар натиҷа Корхонаи мазкур дар як сол зиёда аз 20 ҳазор долар даромади соф ба даст оварда истодааст, ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН дар солҳои 2021-2022 дониста шуд.

Профессор Самиҳов Ш.Р. соҳиби 12 ихтироот буда, шогирдаш дар соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, дар номинатсияи “ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи сеюм гардидааст.

Дастовард муборак шавад!

Садорати факултети химияи ДМТ