ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

159

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Дарси навбатиро доктори илмҳои таърих, профессор С.Муллоҷонов дар мавзӯи «Давлатдории Ғазнавиён (бар пояи «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров)» гузаштанд. Мавсуф дар нишаст оид ба таърихи Давлатдории Ғазнавиён ва дигар сарчашмаҳои илмию таърихӣ он, инчунин,давлатдории шоҳ Маҳмуд маълумоти ҷолиб пешниҳод намуд.