МУТТАҲИДИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКУ УЗБЕК

206

Имрӯз (23.05.2023) Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ-байналмилалӣ доир гардид.

Дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони «Поянда бод дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ дастаи ҳунарии Донишгоҳи давлатии Бухоро бо роҳбарии декани факултети санъати донишгоҳи мазкур Санҷар Азимов иштирок намуданд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон ва дӯстии ҷавонони халқҳои тоҷику узбек судманд арзёбӣ намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику узбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд. Баргузории чорабинии мазкур, ки дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рост омад, аз муттаҳидии ҷавонони тоҷику узбек ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон шаҳодат медиҳад.

Дар зимн барномаи фарҳангии омоданамудани ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо ансамбли Донишгоҳи давлатии Бухоро намоиш дода шуд, ки инъикоскунандаи мавзуъҳои дӯстиву сулҳу ваҳдат ва ҷавонон буд.