ҲАЙДАРЗОДА МУҲАММАД ҲАЙДАР – БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ – 2023

206

Дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии “eLIBRARY.RU”-и Федератсияи Русия ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин донишҷӯ миёни донишгоҳҳои олии кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон,… озмуни байналмиллалии “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” аз рӯи бахшҳои илм, варзиш ва санъат баргузор гардида, V-умин китоби байналмилалии “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” нашр гардид. Дар озмуни мазкур магистранти курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Саъдизода Ҷаҳонгир иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” дар бахши илм гардид ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» мукофотонида шуд.