ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМӢ

14

Дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо марказҳои гуногуни илмию таълимии хориҷи кишвар муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ва декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо МТО Беларус Одиназода С. бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Беларус гардидаанд. Зимни сафар аз Донишкадаи байналмилалии экологии ба номи академик А. Сахарови Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд.

Дар аввал намояндагони Донишгоҳи миллӣ бо директори Донишкадаи мазкур Родкин Олег Иванович, ҷонишини директор оид ба таълим Жуоавков Владислав Владимирович, декани факултети тиббӣ-экологӣ Шевердов Владимир Владимирович, декани факултети мониторинги ҳифзи муҳити зист Тонконогов Борис Александрович ва сардори шуъбаи байналмилалӣ Алексейчик Елена Валеревна мулоқот намудаанд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму таълим мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарор дар бораи тамдиди Созишномаҳо барои бархе аз ихтисосҳои факултети муштарак ва табодули академии донишҷӯён ва устодон қабул шудааст.

Сипас, намояндагони ДМТ бо як қатор лабораторияҳои таълимии Донишкада, аз ҷумла лабораторияҳои иммунология, микробиология ва биологияи химиявӣ, ки бо таҷҳизоти муосири инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд, шинос шуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни дарсҳои амалӣ ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ки боздиди ҳайати Донишгоҳи миллӣ аз Донишкадаи мазкур ба тавсеаи робитаҳои илмӣ-таълимӣ миёни ДМТ ва Донишкадаи байналмилалии экологии ба номи академик Сахарови Ҷумҳурии Беларус заминаи мусоид фароҳам меовард.