СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕТРОЛОГИЯ

230

Ҳамасола дар саросари дунё 20 – май рӮзи умумиҷаҳонии метрология ҷашн гирифта мешавад. Метрология илмест, ки усулҳо ва воситаҳои ченкуниро меомӯзад ва инчунин стандартҳо ва қоидаҳоро дар ин соҳа таҳия мекунад. Мутахассисони ин соҳа ба назорати сифати маҳсулот, таъмини дақиқии андозагирӣ ва риояи стандартҳо машғуланд.​ Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маълумоти метрологӣ ба пешравии касбии мутахассисони ин соҳа бевосита таъсир мерасонад.

Метрологи ботаҷриба метавонад ба пешравии мансаб такя кунад.​Яке аз талаботҳои асосӣ ба метролог мавҷудияти маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи ихтисоси «Метрология» ё​ ихтисоси техникии ба он алоқаманд мебошад.​ Маълумот дар соҳаи метрология имкон медиҳад, ки дониш ва малакаҳои зарурӣ оид ба кор бо асбобҳои ченкунӣ ва усулҳои андозагирӣ, инчунин таҳияи ҳуҷҷатҳои метрологӣ ва назорати мувофиқати усулҳо ва асбобҳои ченкунӣ ба талаботи қонунӣ пайдо кунад.

Бо ин муносибат дар назди кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физикаи ДМТ семинари илмӣ бахшида ба “20 – май рӯзи умумиҷаҳонии метрология” баргузор гардид. Семинари мазкурро декани факултет, дотсент Қодирзода З.А. кушода эълон намуданд.

Баъдан баромади аввалинро устоди ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификатсия, дотсент Соибов А.А. маърузаи худро дар мавзуи “Бехатарии маҳсулоти хурокворӣ – кафолати сифати он” баромад намуданд. ​ Дар маъруза масъалаҳои бехатарии маҳсулоти хурокворӣ ва нишондихандахои он, номутобиқ будани маҳсулотҳо ба талаботҳои муқарраргардида баррасӣ гардид. Инчунин, ассистети ҳамин кафедра Маҳмадуллоев Д.З. дар мавзуи “Ихроҷҳои партовии газҳои коркардшудаи муҳаррикҳои автомобилӣ ва таъсири онҳо ба муҳити зист” маърузаи худро пешкаш намуд.

Дар охири семинар саволу ҷавоб сурат гирифт.