РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДМТ БО ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТЕХНИКИИ БЕЛАРУС

238

Дар қисмати дуюми имрӯз (07.10.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Беларус аз Донишгоҳи миллии техникии Беларус дидан кард. Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус, муҳтарам Харитончик Сергей Василевич истиқбол намуда, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Зимнан муҳтарам Харитончик С.В. қайд намуд, ки имкони боз ҳам бештар рушд додани ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст. Дар доираи боздид ректори ДМТ аз лабораторияҳо, Парки технологӣ ва Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсийи донишгоҳи мазкур дидан карда, бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.

Зимнан боздид иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус пешсафтарин муассисаи таълимӣ дар самти муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки аз соли 1920, вақте Институти политехникии Беларус ташкил карда шуд, оғоз ёфтааст.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) яке аз калонтарин ва куҳантарин донишгоҳҳои Беларус мебошад, ки ҳамчун ягона донишгоҳ дар кишвар мақоми миллӣ дорад.

Таъкид шуд, ки ДМТБ бо беш аз 30 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Олмон, Испания, Италия, Лаҳистон, Перу, Англия, Литва, Латвия ҳамкорӣ дошта, дар он аввалин Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий дар ҷаҳон фаъолият мекунад. Донишкадаи мазкур беҳтарин шароити илмию корӣ ва истеҳсоли эҷодкориро доро мебошад.