РОҲНАМОИ РУШДУ НУМУИ КИШВАР

538

Тоҷикистон – сарзамини орзуҳои кулли тоҷикони дунё таҳти роҳбарии дурандешона, некбинона ва софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба шоҳроҳи рушд қадам мениҳад. Дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси олии кишвар Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд ва соли 2023 дар маҷмӯъ барои миллати тоҷик соли пурбарор буд.

Дар воқеъ, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 130 миллиард сомонӣ расид.

Ин натиҷаи сиёсати муваффақонаи бахши иқтисодии кишвари мо мебошад. Аз ин хотир аст, ки сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ 3,3 маротиба афзуд. Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ 40 миллиард сомон ҷалб гардид, ки ин нисбати соле пеш 5,3 миллиард сомонӣ бештар аст. Агар сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар соли 1999 83 фоизро ташкил медод, соли 2023 ин нишондиҳанда ба 62 фоиз коҳиш дода шуд.

Лозим ба ёдоварӣ мебошад, ки нишондиҳандаҳои асосии иқтисоди ҷумҳурӣ нисбати солҳои пеш зиёд гардиданд. Аз ҷумла, даромади буҷети давлатӣ нисба ба соли 2017 1,6 маротиба афзуд.

Хароҷот барои соҳаи илму маориф 1,9 мароттиба зиёд гардида, фақат кумаки унвонии иҷтимоӣ 2 миллиарду 70 миллион сомониро ташкил дод. Дороии сохторҳои молиявию қарзӣ ба 39,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022 22 фоиз зиёд аст.

Бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ 18,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 32 фоиз зиёд аст. Ин нишондодҳо заминаро фароҳам меорваранд барои зиёд намудани хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ. Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, дар се соли оянда 61 миллиард сомонӣ барои ин кор ихтисос дода мешавад.

Нуктаи муҳимме, ки дар Паёми имсолаи сарвари олии кишварамон таъкид шуд, саҳми боризи соҳибкорони ҷумҳурӣ дар рушди кишвари азизамон мебошад. Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар 7 соли охир соҳибкорони кишвар тавонистанд 2000 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолиро гардонкунанд. Ин боис ба он шуд, ки 21 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам ояд. Соҳибкорон дар сохтмони 1380 иншооти соҳаи маориф ва 1213 муассисаи тандурустӣ саҳм гузошта, қариб 12 км роҳ сохтанд ва ҳамзамон 461 пул бунёд карданд. Аз ҷумла, дар соли 2023 715 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, 5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам омад. Миннатдории самимии роҳбари давлат барои ин амали савобу ватандӯстонаи соҳибкорон шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвр барои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ имконоту заминаҳои судмандеро фароҳам месозанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ мекунад. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар 11 ҳазорашон духтаронанд. Агар соли 1989 ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ бошанд, дар солҳои истиқлолияти кишвар ин нишондиҳанда 256 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Президенти ҷумҳурӣ таъкиди хоса намуданд, ки мо бояд на танҳо фақат Рӯзи модар, яъне 8 март, балки ҳамеша ғамхору мунис ва меҳрубони модарону хоҳарони худ бошем. Ин гувоҳӣ аз он аст, ки Пешвои миллат ба нақши бузурги Зан – Модар дар ҷомеа баҳои баланд мегузоранд ва дар сиёсати роҳбари давлати мо занону бонувон мақоми хосаву арзанда доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ омили зарур таъкид намуда, ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод доштанашонро махсус изҳор доштанд. Мову шумо борҳо дарк намудаем, ки Пешвои миллат ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузоранд, чунки тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: зан – модар насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Бонувони саодатманди кишвар аз ин дастгириҳо бояд бештар руҳбаланд гарданд ва тамоми неруи худро барои боло бурдани нақши занон дар таълиму тарбияи насли наврас, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати амалӣ шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳои миллӣ” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро сафарбар кунанд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ба соҳаи маорифу илм низ таваҷҷуҳи хоса ироа шуд. Мактабу маориф ва илм ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад – таъкид доштанд Пешвои миллат

Мақсад аз амалӣ сохтани ин иқдомҳо дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Бидуни муболиға пеши омӯзгорони арҷманди кишвар, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот тамоми неруи худро барои таълиму тарбияи насли наврас сарф мекунанд, сари таъзим фуруд меорем. Ба баракати заҳмати онҳо насли истиқлолият бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар рӯхияи баланди садоқат ба ватан ва арзишҳои миллӣ ба воя мерасанд.

Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша ҷадал дорад. Масалан, дар панҷсоли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣтавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣпешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 40 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Иқдоми навбатии роҳбарияти олии мамлакат далели он аст, ки давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша барои дастгирии кормандони ин мақомот маблағҳои бештареро сафарбар мекунад.

Ҳамчунин Пешвои миллат оид ба нақши хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣомили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо истиқлолиятамонро ба касе ва чизе иваз намекунем – таъкид доштанд Пешвои миллат ва қотеъона изҳор намуданд, ки вазифаи ҷонии ҳамаи роҳбарони сохторҳои зинаҳои гуногун бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа мебошад.

Хусусан, дар самти ободу хуррамгардонии диёри арҷмандамон бояд содиқона саҳмгузор бошем. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҳар як тоҷикистонӣ вазифадор аст барои хурраму сарсабз намудани кишварамон талош намояд ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро бо амали созандаи худ собит намоем.

Бешубҳа, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари воқеияти кишвари азизи мо буда, дастури роҳнамоест барои рушди босуботи кишвари азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст.

Сафаргул Одиназода,декани факултети муштараки ДМТ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус