ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН – УЗВИ ИФТИХОРИИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА ДОКТОРИ ФАХРИИ ДМТ

394

Нимаи дуюми имрӯз (17.09.2021) Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол гирифта, ба тамошои дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ, ки масъулин дар саҳни донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ намоиш дода буд, даъват намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмие, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самтҳои гуногун пашӯҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки он хеле таъсрбахш ва ҷолиби диққат буд.

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дипломатии ҳар ду кишвар- Тоҷикистону Эрон дар толори калони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ анҷом доданд.

Нахуст ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва тамоми меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳимму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши маориф, дар мисоли ДМТ суханронӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ироа намуд. Ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор шуд.

Меҳмони олимақом- Сайид Иброҳим Раисӣ дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Эрону Тоҷикистон унвон кард. Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст ва доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ интихоб шуданаш изҳори сипос намуда, дар робита ба саҳми илму таълим дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба суханронӣ намуд.

 Вохӯрии мазкур бо супоридани туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. бо меҳмони олиқадр Сайид Иброҳим Раисӣ ба анҷом расид. Зимни вохӯрӣ эҳсос гадид, ки ин вохӯрии таърихӣ дурнамои нави ҳамкориҳоро муайян хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Донишгоҳи миллӣ чанд навъи дастгоҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг» «Инфиҷори электрикӣ», «Спектрофотометри нури дугона» ва китоби «Донишномаи забон ва адабиёти форсӣ» иборат аз 12 ҷилдро   ҳамчун туҳфа оварданд.