ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

181

Санаи 26 майи соли 2023 бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он Мерафзунов Мерафзун – сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Баҳриддин – муовини сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Раҳимов Зуҳайл – сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати танзими ҳуқуқ, Зафари Саидқул – нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ ва Ҳайдаров Рауф – сармутахассиси раёсати ислоҳоти андози Вазорати молияи ҶТ, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дастаи олимпӣ зери роҳбарии н.и.и. дотсент Икромов Фазлиддин ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ Муродзода Умед муарифӣ намуданд. Дар натиҷа, даста ва донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дастоварди навбатӣ муборак!