НАТИҶАГИРӢ АЗ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ ФАКУЛТЕТИВӢ

336

Имрӯз (23.06.2022) сисилавохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи устодону кормандони факултетҳои донишгоҳ шурӯъ шуд. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриҳо ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултетҳои механикаю математика, биология ва факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус вохӯрӣ намуд. Дар вохӯриҳо як зумра масъалаҳои илмию таълимӣ ва тарбияву хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ ба садорат ва устодони факултетҳои мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таълимӣ, хоҷагидорию байналмилалӣ дастурҳои мушаххас дода, мақсад аз силсилавохӯриҳоро беҳтар гардонидани фаъолияти факултетҳо ва дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ унвон намуд.

Ёдрас мешавем, ки чунин силсилавохӯриҳо дар нимсолаи гузашта баргузор гардид ва дар асоси мушкилоти ҷойдошта дар факултетҳо нақшаи чорабиниҳои факултетивӣ ташкил шуд. Дар вохӯрии мазкур ректори донишгоҳ аз иҷрои нақшачорабинии мазкур натиҷагирӣ намуд. Зимнан гуфта шуд, ки айни ҳол дар баъзе самтҳо, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълим, ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ, таҳияи мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷи кишвар, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мушкилиҳо дида мешавад.

Ректори донишгоҳ дар идомаи вохӯриҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти таълиму тарбия, кор бо грантҳои байналмилалӣ, гузаштан аз такмили ихтисос, инчунин, таъмину тармими синфхонаҳои факултетҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.