КОРНОМАИ БЕНАЗИР ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

409

Агар Эъломияи Истиқлолияти ҶТ, ки 24-уми августи соли 1990 қабул гардидааст, Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол эълон намуда бошад, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки санаи 16-ноябри соли 1992 баргузор гардид, Тоҷикистонро аз парокандашавӣ нигоҳ дошту миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Воқеаи муҳиме, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои хассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба катъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Дар ҳиқақат ҷони худро дар хатар гузошту барои мардуми тоҷик сулҳро барқарор намуд ва барои мардум шароити зиндагии арзандаро фароҳам овард. Хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва пешрафти давлати миллии тоҷикон хеле бузург аст, зеро дастовардҳои 30 соли Истиқлолият гувоҳи гуфтаҳои болост.

Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки халқи бузургвори миллати тоҷик миллионҳо хизматҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро дар рушд ва бунёди давлатӣ миллӣ мисол оварда метавонанд.

Масалан: 1. Хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани сулҳ; 2. Ба ҷаҳониён муаррифи намудани миллат ва давлати тоҷикон; 3. Эътироф ва пазирои намудани ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ; 4. Муайян ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлати соҳибистиқлол ва ғ..

Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент ин иди худшиносию ватандӯстӣ ва эҳтиром ба корномаи бемисли Президети кишвари азизамон мебошад.

Шарифзода С.Ш., мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ