КОНФЕРЕНСИЯИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

169

Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузаранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (19.05.2023) дар бинои марказии ДМТ III конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавони ДМТ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон -23-юми май ва “Бистсолаи омӯзиш ва рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) баргузор гардид.

Дар кори конференсия ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ., раиси Шурои олимони ҷавонони Тоҷикистон, дотсент С. Ниёзӣ, раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ Мамадюсуфова М., раиси шурои олимони ҷавонони ДМТ Самадов А.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов Ҷ.С. дар мавзӯи “Вазъи тоҷикон то тақсимоти марзӣ-миллӣ ва паёмадҳои он”, мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Мирзозода Ф. оид ба “Омодасозии кадрҳои баландихтисосӣ илмӣ: ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди он”, номзади илмҳои техникӣ, муалими калони факултети физики ДМТ Номвар Қ. дар мавзуи “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва масоили марбут ба иқлим” мавриди баррасӣ қарор гирифт.