КӮДАКОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

209

Таҳти ин унвон имрӯз (01.06.2023) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар оғоз дар саҳни толори асосӣ дастовардҳои хонандагони литсейи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд ва ҳайати роҳбарикунанда аз намоиши дастовардҳо ва намунаҳои корҳои дастии хонандагон боздид карданд. 
          Сипас ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ  намуда, кулли иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ин санаи таърихӣ шодбош гуфт. Зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.

 «Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 40 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд» – гуфта шуд дар чорабинӣ.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ мудири кафедраи психологияи донишгоҳ Саидзода Баҳрулло дар мавзӯи «Омилҳои сустхонии наврасон» маърӯза намуд. Зимнан таъкид шуд, ки амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишвар дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ шудааст ва месазад, ки мо сафи кӯдакону ҷавонони бомаърифату ватандӯст, садоқатманду болаёқатро зиёд намуда, Тоҷикистони азизи худро дар ҷаҳон бо маърифати волои инсонӣ муаррифӣ намоем.

Дар охири чорабинӣ барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва хонандагони литсейи донишгоҳ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.