ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТҲОИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

243

Имрӯз дар доираи баргузолрии Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир гашта истодааст, миёни вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури вазир – Саидзода Раҳим Ҳамро ва вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус бо ҳузури вазир – Ивантс Андрей Иванович созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки созишнома дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.