ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНИ БЕЛОРУСӢ ВА ТЕХНАЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДМТ

227

Имрӯз (30.09.2023) дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус ва бо мақсади ба истифода додани Маркази забони белорусӣ ва техналогияи инноватсионӣ дар пояи факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус намояндагони ин кишвар ба ДМТ ташриф оварданд.

Дар маросими кушодашавии Маркази забони белорусӣ ва техналогияи инноватсионӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Ҳакимзода Қурбон, вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Ҷумҳурии Белорус Сергей Бартош, Сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Бахтовар, Сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва техналогияи инноватсионӣ меҳмонон аз тамошои дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти Парки технологии донишгоҳ шинос шуданд.

Зимнан ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи факултети муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Белорус инчунин, ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф таклифу пешниҳодҳои судманд намуд. Таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус ҳамкории судманд дорад ва дар доираи ин ҳамкориҳо факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус аз соли 2015 фаъолият мекунад.

Сипас меҳмонони олиқадр аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуда, бо тамоми маводи дар он маҳфуз буда ошноӣ пайдо карданд. Меҳмонон ба сохт ва маводи ҷамъоваришудаи Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат баҳои баланд доданд.