ДУРНАМОИ ДУРАХШОН

14

Ҳамкориҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳлои Мустақил самту сифати тозаеро касб намудаанд. Ба баракати сиеёсати дурандешона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, ҳамчун муваффақияти беназири сиёсати хориҷии кишвар шинохта мешавад.

Яке аз кишварҳои ИДМ, ки ҳамкориҳои судманди дутарафа бо кишвари мо дорад, Ҷумҳурии Беларус мебошад. Тавре Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд,: “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”.

Ин таъкидҳои роҳбарияти олии мамлакат ба самтҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар иртибот доранд. Аз ҷумла, ҳамкории байнипарлумонӣ ба сатҳи нави рушд ворид мегардад. Дидору мулоқотҳои намояндагони порлумони ду кишвар бобати тавсеаи ҳамкориҳои байнипорлумонӣ уфуқҳои дурахшонеро мекушояд.

Самти дигари рушду густариши робитаҳо ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат иртибот дорад. Дар ин бахш фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ намунаи хеле олии равобити ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мебошанд.

Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус афзоиш ёфта, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои боло бурдани неруи содиротиву воридотии ҳар ду кишвар заминаҳои муътамадеро бунёд гузоштаанд.

Тавре аз гузоришҳои расонаҳо бармеояд, барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа қадамҳо гузошта шудаанд.

Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бошад, ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи усулҳои пойдори дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангу маориф рушд мекунанд, ҳамеша изҳори қаноатмандӣ доранд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко “рушди устувору мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба идома меёбад ва воқеан хусусиятҳои шарикии зичро касб мекунад. Алалхусус, мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид месозем”.

Ҷонибҳо ниёзмандӣ ба пешбурди ҳамкориҳои зичтарро дар ҳошияи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла аҳаммияти Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои онро ба сифати василаи умумӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон арзёбӣ месозанд.

Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол, роҳбарони ду давлат борҳо зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ низ аз ҷанбаъҳои муҳимми ҳамкориҳои ду кишвар аст. Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷонибҳо дар якҷоягӣ намоишгоҳҳои рассомон, аксбардорон, сафарҳои консертии дастаҳои мусиқӣ, шабнишиниҳо бахшида ба ҳунарҳои мардумӣ, солгарди адибон, мутарҷимон ва олимони тоҷику беларус, инчунин Рӯзҳои фарҳанги миллии ду кишвар, форумҳо, ярмаркаҳои муштарак ва фестивалҳоро ташкил мекунанд. Ба мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобилаи фарҳангу ҳунари ду кишвар дар Беларус Рӯзҳои фарҳанг ва Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардиданд. Дар доираи чорабиниҳо дар кинотеатри «Пионер»-и пойтахт ифтитоҳи Рӯзҳои синамои тоҷик баргузор шуд. Дар филармонияи давлатии Беларус консерти калони устодони санъати Тоҷикистон барпо гардид. Ҳамчунин, Рӯзҳои синамои Беларус дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид. Илова бар ин, дар шаҳри Минск дар доираи Фестивали XXVIII байналмилалии синамои Минск «Листопад» чорабинии «Рӯзи синамои тоҷик» бомуваффақият доир шуд.

Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф низ аҳаммияти махсус дода мешавад. Равобит дар самти мазкур дар чаҳорчӯби Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдитаҳсилӣ аз 31 майи соли 2013 амалӣ карда мешавад. Беларус ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил квота ҷудо мекунад.

Дар Душанбе 4 факултаи муштарак фаъолият мекунад:

– факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус (Донишгоҳи давлатии Беларус, Донишкадаи давлатии байналмиллалии экологии ба номи А.Д.Сахаров, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии Полотск ба номи Евфросиния Полотская);

– факултети авиатсияи граждании Академияи давлатии авиатсионии Беларус ва Донишкадаи техникии Точикистон ба номи академик М. Осимӣ;

– факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ;

– факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск ба номи Евфросиния Полотская дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Илова бар ин, равобити байнифарҳангӣ майни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус босамар инкишоф меёбад. 1 -январи соли 2011 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус ва Тоҷикистон, ки соли 2012 дар Беларус таъсис ёфтаанд, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Беларус» таъсис ёфт. Дар баробари ин, аз соли 2018 дар Душанбе дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус ва аз сентябри соли 2019 дар заминаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус Маркази маориф ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекунанд. 30-сентябри соли 2023 дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус мавриди истифода дода шуд.

Ҳамкорӣ дар самти барқарор намудани равобитҳои адабӣ инкишоф меёбад: китобҳо тарҷума, шумораҳои махсуси рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд. Ҳанӯз дар соли 2011 ба шарофати адибони шинохтаи Тоҷикистону Беларус Ато Ҳамдам ва Алес Карлюкевич дар Душанбе китоби “Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиёт” ба табъ расида буд. Дар Беларус инчунин маҷмӯаи ҳикояву достонҳои Ато Ҳамдам ба забони беларусӣ «Жыццё не спыняецца», китоби муаллифони муосири Тоҷикистон ба забони беларусӣ «Дар зери ситораи Рӯдакӣ», шеърҳои Саидалӣ Маъмур, Фарзона ва ғайра, ва дар Душанбе – китобхои Алес Бадак, Георгий Марчук, Юрий Сапожков, Николай Метлицкий, Алексей Дударев ба нашр расиданд.

Соли 2012 китоби «Подзвіг Эмамалі Рахмона» дар Беларус – бо теъдоди 300 нусха аз ҷониби нашриёти «Книгазбор»-и Беларус ба чоп расид. Китобро Ато Ҳамдам якҷо бо Леонид Чигрин навиштаанд.

Соли 2016 шумораи муштараки маҷаллаҳои «Неман»-и беларусӣ ва «Помир»-и тоҷикӣ низ нашр шуд, ки ба Тоҷикистону Беларус, адабиёт ва назму насри кишварҳо бахшида шудааст. Худи ҳамон сол дар Иттифоқи нависандагони Точикистон муарифии шумораи махсуси рӯзномаи беларусӣ «Літаратура і мастацтва» ба муносибати Ҷумҳурии Точикистон ва дар хонаи нашриёти «Звязда»-и Беларус рӯнамои шумораи махсуси рӯзномаи тоҷикии «Адабиёт ва санъат» бахшида ба Ҷумҳурии Беларус доир гардидааст. Муколамаи фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Беларус хусусияти густурда дорад. Татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва истифодаи иқтидори истифоданашудаи ин ҳамкорӣ метавонад ҳамкориҳои гуманитарии байни кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав расонад ва ба рушди муносибатҳои боэътимод байни оммаи васеи ду кишвар мусоидат намояд.

Натиҷаҳои ҳамкориҳои умедбахши ду кишвари дӯст,ки аз нияти нек ва ҳусни тафоҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко сарчашма мегиранд, дурнамои дурахшонеро бозгу месозанд. Боварии комил дорем,ки оянда низ ин ҳамкориҳо самари неке бор меоранд.


Сафаргул Одиназода – н.и.ф.-м., дотсент,декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Беларус