ДАВЛАТДОРИИ СОМОНИЁН ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИМРӮЗ

319

Омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳамагон муҳим буда, сарчашмаи асосии худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаи хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд”. Дар воқеъ, дар ин даврон, давроне, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо сурат гирифта истодааст ва омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст, сойири миллатҳоеро, ки дар сатҳи пасти тафаккури таърихию фарҳангӣ қарор доранд, ба худношиносию бегонапарасти бурда расонида метавонад аз саҳнаи пурталотуми таърих берун созад.

Ин нукта имрӯз дар дарси навбатии хонишҳои сиёсӣ, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дар маърӯзаи профессори факултети таърих Сайфулло Муллоҷонов эҳсос гардид.

Мавсуф дар мавзӯи «Давлатдории Сомониён” суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки мавзӯи мазкур дар доираи сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла китоби «Тоҷикон» баррасӣ шудааст.