Имрӯз (28.11.2024) дар доираи Форуми III байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус, ки дар мавзуи “Маориф – ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус” дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ректори Донишгоҳи информатика ва радиоэлектроникаи Белорус Богуш Вадим Анатолевич ва ректори Донишгоҳи миллии техникии Белорус Харитончик Сергей Василевич аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ гирд ва нигоҳдорӣ шудаанд, ки меҳмонон ба онҳо шинос шуданд.
Зимнан, меҳмонон дар толори шурои олимони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И., инчунин, роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд.