Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус инъикосгари як гӯшаи хоки ватан аст, ки табиати дилнишину ҳавои форамро дорад. Ҳар тоҷике, ки ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар менамояд, ҳуқуқи маънавии боздид аз ин гӯшаи ватанро дорад. Имрӯз чанде аз иштирокчиёни Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус аз ин макони дилписанд боздид намуданд.
Ректори Донгишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи амадемик М.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода Илёсҷон ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ, профессор Қурбонов Қобилҷон аз ҷумлаи иштирокчиёни ин ҳайат буданд.
Сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Бахтовар бо истиқболи самимӣ аз намояндагони Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус суҳбатҳои хотирмонеро оростанд. Таърихи сафорат, фаъолият дар он ва навгониҳо дар сафорат аз ҷумлаи мавзуҳои суҳбат буданд.
Зимни боздид аз манзарҳои дилфиреби як гӯшаи хоки ватан – сафорат санаҳои нек, хусусан шинонидани «Дарахти дӯстӣ», дарахте ки 24 октябри соли 2013 дар рӯзи ифтитоҳи расмии бинои сафорат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонида шудааст, дар хотираҳо нақш баст.
Гуфта мешавад, ки боздид аз ин макон хеле хотирмон ва мояи ифтихор мебошад.