АЗ ҚАДРДОНИИ ХОНАНДАГОН ТО БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ДОНИШКАДА

188

Имрӯз дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий чорабининии хотирмон бахшида ба ҷамъбасти нимсолаи таҳсили соли хониши 2023 доир гардида, хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои таъсисёбӣ дар мустаҳкам намудани фарҳанги бойи Чин ва Тоҷикистон, рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст. Тули солҳои сипаригашта Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ҳамчун як пули пайвасткунандаи забону фарҳанг миёни ду давлати бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин хизмат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо ҷамъбасти нимсолаи таҳсил баҳри қадршиносии фаъолон чорабинии хоса дар сатҳи Донишкада баргузор карда мешавад.