ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТӢ

210

Имрӯз (25.05.2023) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар доираи моҳвороаи ҷавонон мизи гирди назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва кормандони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори Раёсати илм Рустам Наботӣ оғоз гардида, мавсуф иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Дар идома муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода доир ба тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, хизмати содиқона ба Ватан, зиракиву ҳушёр ва дигар паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти ҷавонон баромад намуд.

Зикр гардид, ки ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибони аз сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Баргузории чунин нишасту вохӯриҳо гувоҳи он аст, ки имрӯз ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳо фаъолу пешоҳанг ҳастанд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат камари ҳиммат бастаанд.

Дар идома як қатор кормандони ҷавони донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Душанбе сарфароз гардида шуданд.