ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

182

Тавре иттилоъ дода будем, дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили давидан, волейбол ва шоҳмотк, ки бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, имрӯз ҷамъбаст шуд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаи варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим “Варзиш гарави саломатӣ”, валб намудани донишҷуён ба варзиш, шоҳмот ва волейбол, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни донишҷуён ва баланд бардоштани савияю маҳорати варзишии донишҷуён мебошад.

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ:

Дар намуди варзиши сабук – давидар дар масофаи 100м

Ҷойи аввал: Муъминов Фаррух – донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ;

Ҷойи дуюм: Бухохиров Ориён – донишҷӯи курси 3 –юми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ;

Ҷойи сеюм: Саҷигатов Наҷибулло- донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ.

Дар намуди варзиши волейбол

Ҷойи аввал: дастаи факултети фарматсевтӣ;

Ҷойи дуюм: дастаи факултети тиббӣ;

Ҷойи сеюм: дастаи факултети таърих.

Дар намуди варзиши зеҳнии шоҳмот

Ҷойи аввал: Саидзода Нуриоллоҳ Умедҷон – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ;

Ҷойи дуюм: Азиззода Азамат Шуҳрат – донишҷӯи факултети тиббӣ;

Ҷойи сеюм: Асатуллозода Асадулло Ҷуманазар -донишҷӯи факултети иқтисод ва идора.

Ба ғолибони мусобиқа ҷом, медал ва мукофотпулӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён Самиев З. супорида шуд.

Муборак бошад!