ҚОИДАҲОИ қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус дар соли таҳсили 2023-2024
1. Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус дар соли таҳсили 2023-2024 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Шартномаи байни Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
2. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои 1-030403- психологияи амалӣ ва 1-890101- сайёҳат ва меҳмондорӣ дар гурӯҳҳои русӣ тариқи шартномавӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Ба ихтисосҳои мазкур довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд ва забони русиро медонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, баъди пардохти маблағи солонаи таҳсил мувофиқи шартнома, ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.
4. Бо довталабоне, ки ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус ҳуҷҷат месупоранд, бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ қаблан суҳбат барпо карда мешавад.
5.Баъд аз гузаштани суҳбат довталаб ҳуқуқи супоридани маблағи таҳсил ва ҳуҷҷатҳои зеринро пайдо мекунад:
- ариза ба номи ректор;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аттестат) ва миёнаи касбӣ-намунаи давлатӣ-асл (диплом);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086.у);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
6. Муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабон ба ихтисосҳои мазкур аз 20-уми июли оғоз ёфта, то 31-уми июли соли 2023 идома меёбад. Рӯзҳои баргузории имтиҳонҳои қабул дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси комиссияи қабул сурат мегирад.
7. Довталабон барои шомил шудан ба ихтисосҳои мазкур диктант ва имтиҳони тестӣ месупоранд. Диктант ба забони русӣ сурат гирифта, саволҳои имтиҳонҳои тестӣ дар асоси барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисоси 1-030403- психологияи амалӣ аз фаннҳои таърих, имтиҳонҳои кластери 4-ум) ва дар ихтисоси 1-890101- сайёҳат ва меҳмондорӣ аз фанҳои математика, география, ҳуқуқи инсон ва таърих (дар ин қисмат 25 савол аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва 25 савол аз фанни таърихи умумӣ шомил аст) таҳия карда мешаванд.
8. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, аз имтиҳон “ғоиб” гирифта, нагузашта ҳисобида мешаванд.
9. Дар сурати аз як фанни (як блок) имтиҳони тестӣ хол нагирифтан баҳои умумии имтиҳони тестӣ «ғайриқаноатбахш» ҳисобида шуда, довталаб ҳуқуқи минбаъд дар озмун иштирок карданро аз даст медиҳад.
10. Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳро вайрон менамоянд ва дар ҷараёни имтиҳон аз воситаҳои гуногуни техникӣ (телефони мобилӣ, маводҳои иттилоотӣ ва дигар маводи дар имтиҳон манъгардида) истифода мебаранд аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
11. Натиҷаи санҷиши диктант ва санҷиши тестӣ баъди 24 соати супоридани имтиҳон эълон карда мешавад.
12. Комиссияи қабули донишгоҳ доир ба ҳар як қисми (блок) имтиҳони тестӣ миқдори холҳои заруриро муайян карда, зимни арзёбии ниҳоӣ натиҷаи ҳар як қисм (блок)-ро ба назар мегирад. Дар ҳолати баробарии холҳои якчанд довталаб афзалият ба довталабе дода мешавад, ки аз қисми якум (тахассусӣ) холи бештар гирифта бошад. Ба ҳар як савол 5 варианти ҷавобҳо пешниҳод мешавад, ки яке аз онҳо дуруст аст. Довталаб баъд аз гирифтани варақаҳои тестӣ ва саволҳои имтиҳонӣ, ҳар як саволро меомӯзад ва аз байни 5 варианти пешниҳодшуда дурусташро пайдо карда, дар варақаи тестӣ доираи ба ин вариант маҳсубро сиёҳ мекунад.
13. Барои навиштани диктант 1 соат (60 дақиқа) ва барои имтиҳони тестӣ 4 соат (240 дақиқа) муқаррар карда мешавад. Вақти шарҳу эзоҳи тартибу низоми гузаронидани имтиҳони тестӣ ба вақти ҷудошуда дохил намешавад.
14. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки апеллятсияи хаттӣ диҳад ва дар вақти баррасии апеллятсия шахсан иштирок намояд. Баррасии аризаи апеллятсионӣ кӯшиши аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад. Комиссияи апеллятсионӣ аризаи довталабонро пас аз эълони натиҷаи имтиҳон дар давоми 24 соат қабул ва баррасӣ менамояд.
15. Довталабон ба ихтисосҳои мазкур ба таври шартномавӣ дар асоси натиҷаҳои мусбати имтиҳоноти хаттӣ ва тестӣ аз рӯи озмун қабул карда мешаванд.
16. Донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон ба сафи донишҷӯён қабул мешаванд, 2 соли аввал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 2 соли минбаъда дар Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус таҳсил менамоянд. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус донишҷӯёни мазкур аз имтиёзҳое, ки ба донишҷӯёни Ҷумҳурии Беларус муқаррар гардидааст, бархурдор мегарданд.
17. Довталабон барои дарёфти маълумоти иловагӣ, гирифтани машварат ва қабули ҳуҷҷатҳо метавонанд ба комиссияи қабули донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, «Шаҳраки донишҷӯён», бинои №10, комиссияи қабули ДМТ.