Ҳолнома!

Қосимов Исмоил Латипович, 17-уми феврали соли 1971 дар ноҳияи Орджонкидзобод, ҳозира Ваҳдат дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 134 ҳамин ноҳияро бо гирифтани шаҳодатномаи синфи 10 хатм намудааст.

Баъд аз адои хизмат дар сафи қушунҳои ҳарбии собиқ иттиҳоди Шуравӣ (1989-1991), соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ба факултети механикаю математика, ихтисоси математикаи тадбиқӣ дохил шудааст ва онро соли 1999 хатм мекунад.

Аз соли 2000-ум ба кафедраи информатикаи факултети механикаю математикаи ДМТ ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул мешавад. Дар ин факултет дар вазифаҳои ассисент, муаллими калон, дотсент ва муовини декан оид ба таълим шуда кор мекунад.

Аз соли 2018 ба вазифаи мушовири академии дараҷаи 1-уми декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус таъин мешавад ва то ҳол дар ин вазифа кор карда истодааст.

Соли 2016 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Коркард ва таҳқиқоти амсилаи математикӣ системаҳои экологии ҳавзҳои моҳипарварӣ бо амури сафед», дар назди Шӯрои дисертасионии Донишгоҳи автоматика ва технологияҳои иттилоотии Академияи миллии илмии Ҷумҳурии Қиғизистон ва Донишгоҳи Славиянии Қирғизистону Россия ба номи Б.Н.Ельцина бо муввафақият ҳимоя намудааст. Баъди тасдиқ гаштани ҳимояи рисолаи номзадиаш, унвони номзади илмҳои техникӣ, аз рӯи ихтисоси «05.13.18-амсиласозии математикӣ усулҳои ҳисоб ва барномаҳои комплексӣ» диплом мегирад.

То ҳоло зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои КОА назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА Россия писандшуда ба нашр расонидааст. Як монграфия бо номи «Динамика экосистемы макрофитного рыбоводного пруда» опубликована в издательстве – LAP LAMBERT Academic Publishing (Project ID: #130070; ISBN 978-3-659-80543-1) LAP: OmniScriptum GmbH & Co. KG, Bahnhofstraße 28, D-66111 Saarbrücken, 2015. дар Ҷумҳурии Германия нашр кардааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.